ШАХЛОИ НАЧМИДДИН ЖУРНАЛИСТ
ШАХЛОИ НАЧМИДДИН ЖУРНАЛИСТ's Channel
 
 
Ишки зани дуюм ШАМШОДРО сухт
1,473
 
Германия
 
Ишки зани дуюм ШАМШОДРО сухт
1,473
Селборон дар Ромит
3,666
Субх ба хайр
2,933
Рафоати Чамшед намурдааст
2,533
Бунафша Шокирова вафот кард
2,066
 
ШАХЛОИ НАЧМИДДИН ЖУРНАЛИСТ
Your channel viewers will see links here, including "subscribe" and "add as friend".
Profile
 
Name
ШАХЛОИ НАЧМИДДИН ЖУРНАЛИСТ
Description
АССАЛОМУ АЛЕЙКУМ ДУСТОНИ ХУБАМ. МАН РУЗНОМАНИГОРАМ. ОИЛАДОР, СОХИБИ ДУ ТИЛЛОПИСАР ШУКР АЛХАМДУЛЛИЛАХ. ИН БЛОГИ МО АЗ ХАЕТИ МО ДАР ОЛМОН НАКЛ МЕКУНАД.
ИНЧУНИН ТАРЗИ ПУХТАНИ ХУРОКХОИ МИЛЛИВУ АВРУПОИРО ФАРО МЕГИРАД.
АГАР КОБИЛИ КАБУЛ ДОНЕД, ПАС ОБУНА ШАВЕД, ЛАЙК МОНЕД.
ПЕШОПЕШ СИПОС.
ХУДОВАНД НИГАХБОНИ МОВУ ШУМО.
🍇🍇🍇🎁🎁🎁🎁
Subscribers
32.3K
Subscriptions
Recent Activity  
ШАХЛОИ НАЧМИДДИН ЖУРНАЛИСТ ҚАЙСИНГУЛИ МАККОР кисми 2 Муаллиф: Шаҳлои Наҷмиддин — Не, намехоҳам. Янгаам дузд нест, гуфт Сомон. Низора аз ин суханони писараш чунон ба ғазаб омад, ки чашмонаш аз косахонаи сар баромад. — Сомон. Ту ҳоло ба модарат дарс медиҳӣ? Ман модари ту ҳастам ё он зани бегона?!Сомон бо чашмони пур аз ашк ба модараш нигарист. — Янгаам ба ман ҳеҷ гоҳ бадинакардааст. Вақте бемор шудам, шаб то саҳар назди сарам нишаст. Ба ман дору дод, об дод. Шумо бошед, ӯро дузд мегӯед. Низора якбора дасти писарашро сар дод. -Бас кун.Дигар ин гапро аз даҳонат шунидан намехоҳам.Агар ба касе як калима гӯӣ, дигар модарат нестам.Бурда ба детдом туро месупорам.Ту хатто ба дадаат даркор нести. Сомон аз ин суханон тарсид. Ӯ кӯдак буд, дили нозук дошт. Намехост модарашро аз даст диҳад, аммо дурӯғро ҳам таҳаммул карда наметавонист. — Очаҷон, шумо чаро янгаамро бад мебинед? Низора ҷавоб надод. Танҳо рӯяшро гардонд.Аммо намедонист, ки паси дари нимабоз як нафар тамоми ин суҳбатро шунида истодааст. Ин модараш буд. Зан бо чашмони пур аз ашк ба наберааш нигаристу баъд оҳиста аз он ҷо дур шуд. Нахост бо духтари чангарааш гапгузарони кунад,чунки хислати духтарашро медонист ,ки ба у гап фоида надорад. Он шаб Меҳрона хӯрок нахӯрд. Дар кунҷи ҳуҷра нишаста, акси тӯяшро дар даст дошт. Ба чеҳраи хушбахти худ нигоҳ мекард. Дар он сурат духтаре буд, ки бо ҳазор орзу ба хонхонаи шавҳараш омада буд. Ӯ гумон мекард, ки дар ин хона модари дуюм, апаи дуюм ва оилаи худро пайдо кардааст. Аммо имрӯз ҳамон хона барояш ба зиндон табдил ёфта буд. Фаридун вориди ҳуҷра шуд. — Меҳрона, то кай ҳамин хел мешинӣ? Меҳрона сарашро бардошт.Фаридун, як чизро аз ту пурсам? — Бипурс. — Агар рӯзе касе ба ту гӯяд, ки ман ба ту хиёнат кардаам, ту бе шунидани ин тухмат бовар мекунӣ? Фаридун хомӯш монд. Меҳрона ашкашро пок карда гуфт: — Ман аз он дардам кард , ки ту ба ман бовар накардӣ. Ман дар ин хона чӣ надорам? Агар тилло мехостам, чаро бояд пинҳонӣ мегирифтам? Магар ту шавҳари ман нестӣ?Фаридун сарашро хам кард. — Ман намедонам, чӣ фикр кунам. Меҳрона бо табассуми талх гуфт: — Пас, ту маро намешиносӣ, Фаридун. Баъди ин ҳама зиндагӣ ҳанӯз ҳам маро намешиносӣ. Ин сухан ба дили Фаридун расид, аммо ӯ чизе гуфта натавонист. Меҳрона рӯяшро ба тарафи девор гардонд. -Илтимос, имрӯз маро танҳо гузор. Дигар қуввати гиря кардан ҳам надорам. Фаридун оҳиста аз ҳуҷра баромад. Субҳи рӯзи дигар модари Фаридун ба ҳуҷраи Низора даромад. — Духтарам, биё, як гапро аз ту пурсам. — Ҳа, очаҷон.Дишаб ту бо Сомон чӣ гап задӣ? Низора як лаҳза худро гум кард, вале зуд табассум намуд. — Ҳеҷ гап, очаҷон. Бача боз гапҳои кӯдакона мегӯяд. — Пас чаро гуфт, ки гарданбандро ту ба ҳуҷраи Меҳрона гузоштаӣ? Низора аз ҷой хест. — Кӣ?Сомон чунин гуфт? — Ман худам шунидам, духтарам.Низора чашмонашро пур аз ашк кард. — Очаҷон, шумо ҳам ба ман бовар намекунед? Ман дар ин хона кӣ дорам? Шавҳарам маро партофта рафт, акнун шумо ҳам маро гунаҳкор мекунед? Ман магар духтари шумо нестам? Модараш оҳ кашид. — Ман туро гунаҳкор накардам, духтарам. Фақат мехоҳам ҳақиқатро фаҳмам. -Ҳақиқат ҳамин аст, ки Меҳрона маро аз шумо ҷудо кардан мехоҳад. Низора ин суханро гуфта, гирякунон аз хона баромад. Модари Фаридун дар ҷояш шах шуда монд. Ӯ дигар намедонист чи кор кунад.Нимаи рӯз Фаридун аз кор барвақт ба хона омад. Ҳанӯз пойафзолашро накашида буд, ки Сомон давида ба наздаш омад. — Тағоҷон. — Сомон, чӣ шуд? — Ман ба шумо як сирро мегӯям. Лекин шумо ба ман қаҳр намекунед? Фаридун табассум кард. — Не, чиянчон. Сомон ба атроф нигарист ва оҳиста гуфт: — Гарданбандро очаам ба ҷевони янгаам гузоштанд. Табассуми Фаридун аз лабонаш нопадид шуд. — Чӣ? — Ман худам дидам. Он рӯз аз ҳуҷраи момоям баромаданд. Дар дасташон гарданбанд буд. Баъд ба ҳуҷраи шумо даромаданд. Фаридун ба зону нишаст, то бо чашмони кӯдак ба чашмони писарак нигоҳ кунад. — Сомонҷон, ту мутьмаин ҳастӣ? — Ҳа, тағоҷон. Очаам гуфт, агар ба касе гӯям, дигар модарам намешаванд.Маро ба детдом мебарад. Ин сухан мисли тир ба қалби Фаридун зад.писаракро ба оғӯш гирифт. — Офарин, писарам. Ту кори дуруст кардӣ. Ростгӯӣ ҳеҷ гоҳ гуноҳ нест. Сомон бо овози паст пурсид: — Пас, янгаамро дигар дузд намегӯед? Фаридун чашмонашро пӯшид. — Не, ҷонам. Ҳеҷ гоҳ. Фаридун рост ба ҳуҷраи Низора рафт. Апааш дар назди оина мӯйҳояшро шона мекард. — Салом.Ба ман гап дорӣ? пурсид ӯ. — Ҳа, апачон . Як савол дорам. Гарданбанди модарамро ту ба ҳуҷраи мо гузоштӣ? Шонаи дасташ аз дасташ афтид. — Ин чӣ гап аст?! — Ба саволам ҷавоб деҳ. — Додарам, ту чӣ мегӯӣ? Ман апаи ту ҳастам. -Ман ҳамеша туро апачонам гуфта, бовар кардам. Аммо ту аз ин боварӣ истифода бурдӣ? Низора якбора ба гиря даромад. — Додарам, ман чӣ гуноҳ кардам? Ҳама маро бад мебинанд. Ҳатто писари худам маро фурӯхт. Фаридун бо алам гуфт: — Писарат туро фурӯхт ё ҳақиқатро гуфт? Низора хомӯш шуд.Апа, ман аз ту як чизро намефаҳмам. Меҳрона ба ту чӣ кардааст? Чаро оромии зиндагии маро дидан намехоҳӣ? Низора ашкашро пок карду бо ғазаб гуфт: — Чунки ту дигар додари ман нести.Пеш аз омадани ин зан ҳама чиз дар ин хона аз рӯйи хоҳиши ман буд. Ту аввал ба ман аҳамият медодӣ. Ҳар чиз мехостам, мехаридӣ. Акнун як зан омаду маро аз зиндагии ту берун кард. Фаридун бо таассуф ба ӯ нигарист. -Апаҷон, занам рақиби ту нест. Ман метавонам ҳамзамон апаи худро дӯст дорам, ҳам ҳамсарамро. — Пас чаро ба ман тухмат мекуни ? Фаридун муддате ба хоҳараш нигоҳ кард. — Ман тухмат намекунам, Низора. Ман танҳо дигар иҷозат намедиҳам, ки ту зиндагии ширини маро вайрон кунӣ. Бегоҳӣ Фаридун ба ҳуҷраи Меҳрона даромад. Занаш дар назди тиреза нишаста буд. Чашмонаш сурх буданд. — Меҳронаҷон. Ӯ ҷавоб надод. Фаридун назди ӯ нишаст. — Маро бубахш. Меҳрона оҳиста рӯ гардонд. — Барои чӣ? — Барои он ки ба ту бовар накардам.Сомон ҳама чизро гуфт. Ман ҳақиқатро фаҳмидам. Меҳрона лабонашро газид. Ашк аз чашмонаш ҷорӣ шуд. — Медонӣ, Фаридун, ман аз Низора ранҷида будам, аммо аз ту бештар шикастам. Чунки ӯро ман мешинохтам. Медонистам, ки маро дӯст намедорад. Аммо ту бояд маро бовар мекарди. Фаридун дасташро гирифт. -Медонам, гуноҳ кардам. Фаридун ӯро ба оғӯш гирифт. — Қасам мехӯрам, дигар намегузорам касе туро таҳқир кунад. Меҳрона сарашро ба китфи шавҳараш гузошт ва баъди чанд рӯзи зикки бори аввал озодона гиря кард. Аммо ин ашк ашки ғам набуд,ашки шодии диле буд, ки ниҳоят худро танҳо ҳис намекард. Ҳамон шаб Низора дар ҳуҷрааш нишаста буд. Телефонаш занг зад. — Алло, бо овози паст ҷавоб дод. — Чӣ шуд? Нақшаат иҷро шуд? — Не. Ҳама чиз вайрон шуд. Сомон маро фош кард. — Пас, акнун чӣ кор мекунӣ? Низора чанд сония хомӯш монд. Баъд бо овози сарду пур аз кина гуфт: — Агар бо як гарданбанд натавонистам онҳоро аз ҳам ҷудо кунам, ин дафъа кореро мекунам, ки дигар ҳеҷ кас ба Меҳрона бовар накунад. — Эҳтиёт кун, Низора. Ин дафъа шояд аз ҳад гузарӣ. Низора хандид. Идома дорад Муаллиф Шахлои Начмиддин (1 day ago)
 
 
ШАХЛОИ НАЧМИДДИН ЖУРНАЛИСТ ҚАЙСИНГУЛИ МАККОР Қисми 1 Муаллиф: Шаҳлои Наҷмиддин Баъзе одамон ба зиндагии мо бо чеҳраи фаришта ворид мешаванд, аммо дар паси табассуми ширинашон ҳазор нақшаи сиёҳ пинҳон аст. Онҳо на бо корд, балки бо сухан захм мезананд; на бо даст, балки бо макри худ зиндагии инсонро вайрон мекунанд.Низора ҳам аз ҳамин қабил занҳо буд. Ӯ зани зоҳиран ором, хушлибос ва хушсухан буд. Ҳар касе бори аввал бо ӯ рӯ ба рӯ мешуд, гумон мекард, ки аз ин зан меҳрубонтар касе нест. Аммо онҳое, ки ӯро хуб мешинохтанд, медонистанд, ки дар паси он чашмони пур аз табассум дили пур аз ҳасад нуҳуфтааст. Низора як одати аҷиб дошт: агар дар хона ҳама хурсанд бошанд, ӯ ҳатман сабабе меёфт, ки он хурсандиро ба гиря табдил диҳад. Хусусан вақте келинашон Меҳрона бо шавҳараш Фаридун зиндагии орому хуш дошт, дили у ором намегирифт. — Модар, имрӯз Меҳрона барои шумо хӯроки дӯстдоштаатонро пухтааст, чунки ман гуфтам манту напаз,ош паз гуфт Фаридун бо табассум.Ин дам Низора ба модараш нигариста ишора кард ва қошу қавоқ андохта, қошуқро рӯйи дастархон гузошт. — Ҳеҷ чиз лозим нест. Ман барои очаам худам хурок мепазам. Меҳрона, ки аз ошхона баромада буд, дар ҷояш шах шуд. — Апачон магар ягон гуноҳ кардам? Низора бо як нигоҳе, ки гӯё аз алам пур бошад, ба ӯ нигарист. — Не, янга ту чӣ гуноҳ дорӣ? Ман худам бадбахтам, ки бояд бевазан шуда ҳар гапро шунавам.Очаам бечора дилаш манту хост,ту баркасд ош пухти. Фаридун ҳайрон ба модараш нигарист. — Очачон ба апаам гуед ,бас кунад. -Низора хап кун.Ош хам бомазза,пагох келин манту мепазад. -Оча ман ки бевазан шуда омадам,ин додару янга маро руз намедиханд. Ин суханҳо мисли оташ ба дили Фаридун афтоданд. Меҳрона бошад, дигар чизе нагуфт. Ашк дар чашмонаш ҳалқа зад. Ӯ хуб медонист, ки кайсингулаш боз як саҳнаи навро оғоз кардааст. Баъзан душмани инсон дар берун нест, балки дар дохили ҳамон хона зиндагӣ мекунад. Бо ту як дастархон мешинад, бо ту механдад, аммо дар дилат сад бор ханҷар мезанад. Низора , зане, ки дар назди додараш худро апаи ғамхору меҳрубон нишон медод, вале нисбат ба келини хона Меҳрона аз рӯзи аввал меҳри самимӣ надошт. У баьди чудо шуда омаданаш аз шавхар ба хонаи модар тоқат надошт, ки бародараш Фаридун баъди оиладоршавӣ бештар ба ҳамсараш аҳамият диҳад. Ҳар боре, ки Фаридун барои Меҳрона ягон туҳфа мехарид, у ҳатман сухане меёфт: — Оҳ, додараки азизам, пештар ёдат намерафт, ки апа дорӣ. Акнун ҳама чиз барои занат. Фаридун механдид: — Апачон ту ҳам ҷойи худро дорӣ, занам ҳам ҷойи худро. Субҳи рӯзи дигар Меҳрона мисли ҳарвақта барвақт аз хоб хест. Ҳанӯз ҳама хоб буданд. Ӯ ба ошхона даромада, дастархон орост ва барои шавҳараш чой дам кард.Қайсингулаш бошад, дар ҳуҷраи меҳмонӣ бедор хобида, садои Меҳронаро мешунид. Ӯ бо худ мегуфт: — Ин келин фикр мекунад, ки бо сахархезиаш кардан дили ҳамаро ба даст меорад. Ҳоло мебинам, ки то кай. Соати ҳашт Фаридун аз хоб хест. — Меҳронаҷон, чой тайёр аст? — Бале, азизам, биё, субҳона кун.Модарчон хамин чо Фаридун ба дастархон нишаст. Ҳамин вақт Низора бо чеҳраи ғамгин вориди ошхона шуд. — Салом ба хама -Субх ба хайр апаҷон. Чаро ин қадар ғамгинӣ? — Ҳеҷ чиз. Шаб хобам набурд. Меҳрона бо меҳрубонӣ гуфт: — Апачон ягон чизатон дард мекунад? Агар хоҳед, чойи гиёҳии пудина тайёр кунам. Қайсингул бо истеҳзо табассум кард: — Не, раҳмат. Ба ман меҳрубонии сохта лозим нест. Меҳрона аз ин сухан ҳайрон шуд, вале чизе нагуфт. Фаридун қошу қавоқ андохт: — Апа чаро бо Меҳрона чунин гап мезанӣ? Ӯ ба ту чӣ кардааст? Ин вакт модараш гуфт ;Низора сахар кати чаро хамаро норохат мекуни ? -Ана, боз сар шуд.Ман чизе гуфтам? Додарчон, ту дигар хоҳаратро намефаҳмӣ. Аз рӯзи оиладор шуданат ҳама чиз дигар шуд. Фаридун хомӯш монд. Меҳрона бошад, барои пешгирӣ кардани ҷанҷол аз ошхона баромад. Аммо Низора маҳз ҳаминро мехост. Вақте Фаридун ба кор рафт, ӯ телефони худро гирифта, ба дугонааш занг зад. — Алло, манам. Имрӯз нақшаамро амалӣ мекунам. — Боварӣ дорӣ, ки додарат ин найрангатро намефаҳмад? — Додараки содаам маро аз ҳама бештар бовар мекунад. Як гап мегӯям, худаш ба занаш шубҳа мекунад. Он рӯз Низора кореро кард, ки ҳатто тасаввур карданаш душвор буд. Ӯ як гарданбанди тиллоиеро, ки Фаридун барои модараш харида буд, пинҳонӣ аз ҷевон гирифта, дар байни либосҳои Меҳрона гузошт. Бегоҳӣ Фаридун ба хона баргашт. Модараш бо чеҳраи парешон гуфт: — Писарам, гарданбанди тиллоии маро надидаӣ? Дар чойи ҳамешагиаш нест. Низора зуд ба миён даромад: — Очаҷон, ором бошед. Шояд ҷояшро иваз кардаед. Баъд гӯё тасодуфан ба тарафи ҳуҷраи Меҳрона нигоҳ кард. — Додарам ман чизе гуфтан намехоҳам, аммо беҳтараш хама чоро бояд кофт. Фаридун ба ӯ нигарист: — Чиро дар назар дори? -Хучраи шуморо хам дидан даркор аст. Фаридун ба ҳуҷра даромад. Меҳрона ҳайрон аз пасаш рафт. — Фаридун, чӣ шуд? — Меҳрона, ту гарданбанди модарамро надидаи? Меҳрона гӯё барқ зада бошад, дар ҷояш шах шуд. — Чӣ?! Ман? Не, ба Худо, ман ҳатто надидаам. Фаридун ҷевонро кушод ва либосҳоро як-як аз назар гузаронд. Ногаҳон дасташ ба чизе расид.Гарданбанди тиллоӣ. Меҳрона бо чашмони пур аз ашк ба он нигоҳ кард. — Инро кӣ ин ҷо гузоштааст?Ман дар хаетам ин корро накардаам. Қайсингулаш дар назди дар истода, дар дилаш хандид. Меҳрона бо чашмони пур аз ашк ба шавҳараш нигарист. Дилаш чунон шикаста буд, ки ҳатто барои худро сафед кардан калима намеёфт. — Фаридун, ба Худо қасам, ман ин гарданбандро нагирифтаам. Чаро ба ман бовар намекунӣ?Фаридун гарданбандро дар даст дошта, бо чеҳраи гирифта гуфт: — Пас ин чӣ тавр ба ҷевони ту афтод? — Намедонам! Ман ҳам мисли ту ҳайронам. Низора, ки то ин дам хомӯш меистод, оҳиста ба назди бародараш омад. — Додарак , илтимос, асабонӣ нашав. Шояд келин иштибоҳ кардааст. Охир, ҳама инсонанд. Меҳрона ба ӯ нигарист. — Апачон, агар ман ин корро накарда бошам, чаро маро гунаҳкор кардан мехоҳед? Қайсингул чашмонашро калон кард. — Ман?! Худоё, ман ҳоло туро ҳимоя карда истодаам, боз ман бад шудам?! Модари Фаридун низ ба гиря даромад. — Духтарам, агар тилло лозим бошад, мегуфтӣ. Магар мо ба ту намедодем? Ин суханҳо ба дили Меҳрона мисли корд мехалиданд. Ӯ чизе нагуфта, ба ҳуҷра даромад ва дарро пӯшид. Аммо дар он хона як нафар ҳақиқатро медонист.Ин писари Низора Сомон буд. Ӯ ҳамон рӯз дида буд, ки модараш аз ҳуҷраи модаркалонаш баромада, чизеро дар даст пинҳон мекард. Шаб, вақте очааш нишаста, бо телефон гап мезад, Сомон оҳиста ба назди очааш омад. — Очачон — Ҳа, ҷонам? -Ман медонам, ки гарданбандро кӣ ба ҷевони зани тагом гузошт. Низора якбора ранги рӯяш — Чӣ гуфтӣ?! — Ман дидам, ки шумо чизеро ба ҳуҷраи янгаам бурдед. Низора аз ҷой хеста, дасти кӯдакро гирифт. — Гӯш кун, Сомонҷон, бачам ,ин гапро ба касе намегӯӣ, фаҳмидӣ? Ман бароят бозичаҳои бисёру яхмос мехарам.Боз ба Лимпопо мебарам Сомон дасташро кашид. — Не.Намехохам.Янгаам дузд нест. Идома дорад Муаллиф Шахлои Начмиддин (2 days ago)
 
 
ШАХЛОИ НАЧМИДДИН ЖУРНАЛИСТ ✨ ПАЁМ АЗ БУНАФША АҲМАДОВА Мо бояд якдигарро дӯст дорем. Мо бояд якдигарбахшӣ кунем, якдигарро бубахшем, чунки умр бисёр кӯтоҳ аст. Мо бояд дар дил кина нагирем, аз кинаву бухл дилро тоза бисозем. Ҳаминро ман дар охир гуфтанӣ будам: дӯст дорем, якдигарбахшӣ кунем якдигарро. Рост, ба Худо, ба Худо, ки ҳеҷ чиз ин дунё киро надорад, ки умр бисёр кӯтоҳ аст, тез мегузарад. Мо бояд пеш аз ин дунё рафтан дилро аз кинаву бухл тоза кунем, бо кинаву бухл наравем ба он ҷо, Шаҳлоҷон. (4 days ago)
 
 
ШАХЛОИ НАЧМИДДИН ЖУРНАЛИСТ Инро бояд хар кас донад. Рузаи нафли чист?  Рўзаҳои нафлӣ бисёр аст ва ҳар яке фазилати ба худ хос дорад. Аз ҷумла рўза гирифтан дар рўзҳои душанбе ва панҷшанбе, инчунин рўзаи рўзи Арафа (9-уми Зулҳиҷҷа) ва Ошўро (10-уми Муҳаррам) савоб ва аҷри бештар дорад. Дар ҳолати рўзаи нафл доштан ҳам то дамидани субҳи содиқ тановул кардан суннат аст. Тариқи нияти рўзаи нафл чунин аст: Ният кардам рўзаи нафл дорам аз субҳи содиқ то намози шом. (5 days ago)
 
 
Friends
Channel Comments
amiralizokirov (3 years ago)
Ин хел касал ҳастанд росту ин хел занҳо нест дига да рӯи замин
Дуруғи маслиҳатомез.
ShahzodaSadullozoda (2 years ago)
Холайи.фотима.шумода.рахмат.
хает ачоиб то охир гуш кардам ва хело гиристам, чунки хар як инсон хаети талхе дорад
fatimaitribrata (5 years ago)
Худованд сабри бисёр ато кунад
Диля-о7т (2 years ago)
Ин киса сахт дарнок
КазанТж (5 years ago)
Бухудо то охира гуш кардаву гиря кардам илоҳим ягон кас девона нашавад
olamafruz7190 (5 years ago (edited))
Худован хамаи бандхояшро сабри чамил Ато фармояд аз аввал то охираша гуш кардам бисёр киссаи алма омар ️️️️
rafievajamila594 (3 years ago)
Рахмат ба.падари.насиба.баин.сабр.карданш
Бехтарин киса гап надорам хам зик шудам як хурсанд саргузашти оила бехтарин
Аз сабр гура хавло аз бесабри чандинбало
toha-w4k (2 years ago)
тоҳир зуҳро ва ТОҲИР ФОТИМА,КОШК МАНҲАМ ЯК БОР ФОТИМАРО МЕДИДАМ.ҲОЛО ТОҲИР ДАР ГАРИБИ ФОТИМА ДАР ЗЕРИ ХОКИ САРД
GulnisoShamsieva (2 years ago)
Ачойб кисайи зебо аз гиря вапрам дохтам
Э Худочон тоба кардам чигаром рехт
viyanpeyman7795 (3 years ago)
худо хар бандаша дард метия шифошам метия иншаллох
Сураё гап нест историяи кадом шахринави буд мурдум ай зикира то тамомш карди
Бисёр зиндагии сахттаъсир охираш хуб аст, Худованд меҳрубон аст ҳар як азобро охираш хурсанди аст.
Тохиру Зухро чояшон чаннат бошад
Худоё шукргузори такдират хастам Худоё боиси сабргузорам бош
Бовар Кун ин сарнавишти Ман будайку хохарчон